қиёмат — [قيامت] а 1. кит. рост шуда ба по истодан 2. д. зинда шуда хестан пас аз марг, растохез; рӯзи қиёмат // фардои қиёмат аз рӯи ақидаи динӣ рӯзе, ки ҳамаи мурдагон зинда шуда, аз гӯр мехезанд ва аз кору кирдорашон ҳисобот медиҳанд, рӯзи ҷазо,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барқарор — [برقرار] пойдор, устувор, побарҷо, барпо; барқарор будан а) пойдор будан, устувор будан; б) ҳукмфармо будан; барқарор кардан // барқарор намудан а) барпо намудан; ташкил кардан, таъсис намудан; б) аз нав ба вуҷуд овардан; барқарор мондан пойдор… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бозор — [بازار] 1. маҳалли махсуси харидуфурӯш, ки аз раставу дӯконҳои зиёде иборат аст: бозори ғалла, бозори китоб, бозори болокушода, бозори болопӯшида 2. рӯзи муайяни харидуфурӯш, ки одатан ҳар ҳафта як ё ду бор барпо мегардад: рӯзи бозор; бозори шаб… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қоим — [قائم] а 1. рост, устувор, истода, барпо; қоим будан устувор будан, поянда будан; пойдор истодан; барпо шудан; қиёмат қоим шудан қиёмат барпо шудан; қоим ба зот ба аслу зоти худ пойдор; абадӣ, ҷовид 2. моланда, даллок (дар ҳаммом), масҳгар 3. кҳн … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ороидан — [آرايدن] 1. зинат додан, ороиш додан 2. барпо кардан, мураттаб сохтан; базм ороидан базм барпо кардан; саф ороидан саф бастан; сӯҳбат ороидан сӯҳбат барпо кардан, барои сӯҳбат ба даври ҳам ҷамъ шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оростан — [آراستن] 1. зинат додан, ороиш додан 2. барпо кардан, мураттаб сохтан; базм оростан базм барпо кардан; саф оростан саф бастан; сӯҳбат оростан сӯҳбат барпо кардан, барои сӯҳбат ба даври ҳам ҷамъ шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғавғо — [غوغا] 1. садоҳои баланди издиҳоми мардум; сару садо, ҳаёҳу, фарёду фиғон; ғалоғула, мағал 2. фитна; моҷаро, ғавғои дурӯғ сару садои бардурӯғ; шӯру ғавғо ошӯбу ҳаяҷон; доду фарёд; ғавғо бардоштан а) доду фарёд кардан, ҷанҷол кардан; б) балво… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғулғула — [غلغله] 1. овозҳои баланди баҳампечида (монанди садои чандин нақораи дар як ҷо ва дар як вақт навохташуда); бонгу хурӯш, ҳаёҳуй, ғалоғула 2. шӯру ошӯб; изтироб, талотӯб; ғулғулаи мавҷҳои баҳр талотум карда хурӯшидани мавҷҳои баҳр; ғулғулаи танк… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қиёматгоҳ — [قيامت گاه] 1. д. ҷои барпо шудани растохез 2. маҷ. ҷои барпо шудани шӯру ғавғо, ҷои воқеъ шудани чизи аҷиб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
орзу — [آرزو] 1. хоҳиш, майл ( и расидан, ба даст овардани чизе); мурод, мақсад; баҳори орзу, орзу и висол, нияти орзу 2. умед, армон, чашмдошт, интизорӣ 3. ҳавас, иштиёқ 4. матлуб, дилхоҳ (шахс, маҳбуба); орзуи хушк орзуи ҳавоӣ, орзуи хоми… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ